IQNA

Панҷумин давраи мусобиқоти Қуръони Африқо дар Марокаш баргузор мешавад

22:02 - April 24, 2024
рақами хабар: 1409
Дабирхонаи бунёди Муҳаммад Шашум вижаи уламои Африқо аз омодакардани тадорукот барои баргузории панҷумин давраи мусобиқоти ҳифз, тиловат ва таҷвиди Қуръони Карими Қорраи Африқо хабар дод.

Ба гузориши дабирхонаи бунёди Муҳаммад Шашум вижаи уламои Африқо дар Марокаш аз омода кардани тадорукот барои баргузории панҷумин давраи мусобиқоти ҳифз, тиловат ва таҷвид Қуръони Карими Қорраи Африқо хабар дод. Омода кардани тадорукот бо ҳамкории шӯъбаҳои ин муассиса дар кишварҳои мухталифи африқоӣ ва бо таваҷҷуҳ ба муваффақияти чаҳорумин давра аз ин мусобиқот сурат мегирад.

Озмунҳои ибтидоӣ вижаи ин давра аз мусобиқот аз 19 апрел (31 урдибиҳишт) оғоз шудааст ва то 20 моҳи май ( 31 урдибиҳишт) дар 48 шӯъбаи ин муассиса дар кишварҳои мухталифи африқоӣ идома дорад. Озмунҳои ибтидоӣ ба интихоби баргузидагон дар се бахш ихтисос дорад, ки шомили ҳифзи кулли Қуръон ба ҳамроҳи тартил ба ривояти Варш аз Нофеъ, ҳифзи кулли Қуръон ба ҳамроҳи тартил ба ривоятҳои мухталиф ва тиловати Қуръон ба ҳамроҳи ҳифзи ҳадди ақал 5 ҳизб аз Қуръони Карим мешавад.

Бунёди Муҳаммад Шашум ҳадафи худ аз баргузории ин давра аз мусобиқотро тарвиҷи пайванди ҷавонони мусулмони африқоӣ бо Қуръони Карим ва тарвиҷи фарҳанги ҳифз, тартил ва тиловати Қуръони Карим дар Қорраи Африқо баён кардааст.

Ин бунёд яке аз муҳиммтарин бунёдҳои қуръонӣ дар заминаи тарвиҷ ва чопи Қуръони Карим дар шимоли ғарби қорраи Африқо маҳсуб мешавад.

https://iqna.ir/00HflX

captcha